Баёнияи давлати Эрон ба хуруҷи ғайриқонунии Амрико аз БАРҶОМ
(last modified Fri, 11 May 2018 11:37:15 GMT )
Май 11, 2018 16:37 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи давлати Эрон ба хуруҷи ғайриқонунии Амрико аз БАРҶОМ

Давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон панҷшанбешаб дар вокуниш ба хуруҷи ғайриқонунии Амрико аз тавофуқномаи БАРҶОМ, баёнияе содир кард.

Давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин баёния, хуруҷи ғайриқонунии раиси ҷумҳурии Амрико аз БАРҶОМ-ро охирин ҳалқа аз мавридҳои мутааддиди нақзи БАРҶОМ аз сӯи Амрико донист ва таъкид кард: Сӯҳбатҳои беарзиши Трамп алайҳи мардуми бузурги Эрон, нишондиҳандаи авҷи ҷаҳолат ва бехирадӣ ва иттиҳомоти бепояи ӯ алайҳи давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

Давлати Эрон дар ин баёния ба қонунгурезӣ ва нақзи аҳди Амрико дар саҳнаи байналмилал аз тавофуқи тағйироти обуҳаво то тавофуқи ҳамкориҳои Уқёнуси Ором ишора ва таъкид кард: Хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ беш аз онки боиси беэътибории бештари Амрико дар саҳнаи ҷаҳонӣ шавад, мабонии равобити байналмилалӣ ва эътибори тавофуқоти дуҷониба ва чандҷониба бо ҳузури Амрикоро ба шиддат зери суол бурда ва назми ҳуқуқи ҷаҳониро бо хатар ҷиддӣ мувоҷеҳ сохтааст.

Давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъкид бар инки иддаоҳои беасос ва намоишҳои хандадори таблиғотии Трамп ҳеҷ арзишу эътиборе дар БАРҶОМ надорад, афзуд: Пойбанди Эрон ба БАРҶОМ тавассути танҳо марҷаи шинохташудаи байналмилалие, ки дар БАРҶОМ низ ба унвони марҷаи ниҳоӣ шинохта шудааст, 11 бор таъйид шуда ва тамоми давлатҳои узв, мукарраран ба он эътироф кардаанд.

Дар баёнияи ҳайати давлати Эрон омадааст: Эрон, иқдоми Иёлоти Муттаҳида ба хуруҷ аз БАРҶОМ-ро тибқи муқаррарот ва мафоди БАРҶОМ пайгирӣ карда ва дар сурате, ки хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ ҷуброн нашавад, ҳақи қонунии худро дар иқдоми мутақобиле, ки худ ба маслиҳат бидонад, эъмол хоҳад кард.

Дар ин баёния таъкид шуда, соири тарафҳои БАРҶОМ ва ба вижа се кишвари аврупоӣ муваззафанд, иқдомоти лозим барои ҳиросат аз БАРҶОМ ва иҷрои тааҳҳудоташонро бидуни ҳеҷ қайду шарте аз марҳалаи ваъда ба марҳалаи иҷро дароваранд.