Вашингтон дубора Эронро таҳрим кард
Май 11, 2018 17:03 Asia/Dushanbe
Амрико рӯзи панҷшанбе дар идомаи иқдомоти душманонааш алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, се ширкат ва шаш фарди эрониро таҳрим кард.
Ба гузориши Форс, вазорати хазонадории Амрико ин ашхос ва ширкатҳоро ба баҳонаи иртибот бо Сипоҳи посдорони инқилоб исломӣ, дар феҳристи таҳрим қарор дод.
Ин таҳримҳо танҳо ду рӯз пас аз эъломи хуруҷи Амрико аз тавофуқи ҳастаии Эрон ва гурӯҳи 5+1 эъмол шуд.
Вазорати хазонадории Амрико пештар низ борҳо ашхос ва ширкатҳои эронӣ ва ҳамчунин хориҷиро ба баҳонаҳои мухталиф, аз ҷумла иртибот бо Сипоҳи посдорони инқилоб исломӣ таҳрим карда буд.
Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ нақше асосӣ дар мубориза бо террористҳои мавриди ҳимояти Амрико дар минтақа дорад.
Барчасп