Сентябр 02, 2016 18:33 Asia/Dushanbe
  • Нахустин пирӯзии тими футболи Эрон дар муқаддамотии Ҷоми ҷаҳонӣ

Тими миллии футболи Эрон дар нахустин дидори марҳилаи дуввуми муқаддамотии Ҷоми ҷаҳонии 2018-и Русия, баробари тими Қатар ду бар сифр ба пирӯзӣ расид.

Тими миллии футболи Эрон панҷшанбешаб дар нахустин дидори худ аз марҳилаи дуввуми муқаддамотии Ҷоми ҷаҳонии 2018, дар ҳузури беш аз ҳаштод ҳазор тамошогари мизбони Қатар ба бартарии 2 бар 0 даст ёфт.

Голҳои ин дидорро, ки дар варзишгоҳи "Озодӣ" баргузор шуд, Ризо Қучонинажод ва Алиризо Ҷаҳонбахш дар дақоиқи 94 ва 100 ба самар расониданд.

Дар сойири дидорҳои гурӯҳи дуввуми минтақаи Осиё, Кореяи ҷанубӣ бо ҳисоби 3 бар 2 аз садди Чин гузашт ва Узбакистон бо як гол бар Сурия ғалаба кард.

 Тими миллии футболи Эрон дар дуввумин дидори худ дар марҳилаи ниҳоии муқаддамотии Ҷоми ҷаҳонӣ, сешанбе, шашуми сентябр меҳмони Чин аст.

Дар поёни даври аввали мусобиқот тимҳои Эрон, Кореяи ҷанубӣ, Узбакистон аввал то севуми гурӯҳ ҳастанд ва Чин, Сурия ва Қатар дар охири ҷадвали гурӯҳ қарор доранд.