Сентябр 02, 2016 19:29 Asia/Dushanbe
  • Дастовардҳои мусбати ҳамкории минтақаии Эрон ва Русия

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Русия гуфт, ҳамкориҳои минтақаии Теҳрон ва Маскав, дастовардҳои мусбате, ба вижа дар заминаи буҳронзудоӣ дар кишварҳои минтақаро ба ҳамроҳ доштааст.

Ба гузориши рӯз ҷумъаи ИРНА, Маҳдии Саноӣ, сафири Эрон дар Русия дар ҷамъи донишҷуён, мақомҳо ва устодони Донишгоҳи Волгогради Русия таъкид кард, ҳамкориҳои ду кишвар дар мубориза бо терроризм дар Сурия хуб ва муфид будааст.

Сафири Эрон дар Русия дар бораи буҳронофариниҳои Ғарб дар минтақа афзуд: "Ғарбиҳо дар ҳаводиси ахири минтақаӣ нақши асаргузоре доштаанд ва албатта акнун ба иштибоҳҳои худ пай бурдаанд ва дар ҳоли тағйири рӯйкардҳои худ ҳастанд".

Саноӣ нигоҳи абзорӣ ва дугонаи Ғарб ба терроризмро омили густариши ин мушкил дар минтақа донист ва гуфт: "Кишварҳои ғарбӣ бояд бипазиранд, ки тасмимгирӣ ва таъйини сарнавишти ҳар кишваре бар ӯҳдаи мардуми он кишвар аст ва дахолатҳои нобаҷо дар ин замина авоқиби хубе дар бар нахоҳад дошт".

Сафири Эрон дар Маскав тасреҳ кард, равобити Эрон ва Русия дар се соли гузашта густариши бесобиқае ёфтааст, ки бо таваҷҷуҳ ба дидгоҳ ва роҳбурдҳои сарони ду кишвар, ин раванд ҳамчунон идома дорад.

Саноӣ бо ишора ба асноди ҳамкории имзошуда байни Эрон ва Русия дар се соли ахир, мувофиқатномаи ҷомеи ҳамкориҳои гумрукӣ, кушоиши гузаргоҳи сабзи гумрук ва эътои эътиборҳои молӣ ба Эрон барои иҷрои проектҳои санъатиро аз ҷумлаи мавориди муҳими тавофуқҳои ду кишвар баршумурд.