Ривояти Рӯҳонӣ аз ду иштибоҳи таърихии Амрико
Раисҷумҳури исломии Эрон хориҷ шудани Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ ва интиқоли сафоратхонаи ин кишвар дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин аз Телавив ба Қудсро ду иштибоҳи бузург ва таърихии Вашингтон хонд.
Ҳасани Рӯҳонӣ ҳангоми дарёфти устуворномаи Хэмиш Макмастер, сафири ҷадиди Зеландияи Нав дар Теҳрон, ба мухолифати ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ҳар ду тасмими иштибоҳи Амрико дар бораи тавофуқи ҳастаӣ ва интиқоли сафоратхонаи Қудс ишора кард ва гуфт: Таърих қазоват хоҳад кард, ки ин ҳар ду тасмими давлати Амрико, бисёр нодуруст будааст.
Сафири ҷадиди Зеландияи Нав дар ин дидор пас аз тақдими устуворномаи худ ба Рӯҳонӣ гуфт: Қадимитарин сафорати Зеландияи Нав дар минтақаи ғарби Осиё дар Теҳрон аст, ки ин нишондиҳандаи равобити дӯстона аст.