Май 16, 2018 16:43 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи Эрон, Русия ва Туркия дар бораи Сурия

Се кишвари Эрон, Русия ва Туркия ба унвони тазминкунандагони тавофуқҳои Остона дар баёнияе муштарак, бар ваҳдат, истиқлол ва якпорчагии сарзаминии Сурия таъкид карданд.  

Дар баёнияи поёнии нуҳумин Нишасти байналмилалии сулҳи Сурия дар Остонаи Қазоқистон ҳамчунин бар зарурати парҳез аз ҳар иқдоме, ки мумкин аст, ин маворид ва ё дастовардҳои музокироти Остонаро нақз кунад, таъкид шудааст.  

Баёнияи ин се кишвар меафзояд: Кишварҳои тазминкунанда бо ҳадафи пешбурди раванди сиёсӣ бар асоси қатъномаи 2254 Шӯрои амнияти Созмони милал дар Сурия, омодагии худро барои талош ба манзури иҷрои тавсияҳои Конфронси гуфтугӯи миллии Сурия дар Сочии Русия эълом мекунанд.

 

Барчасп