Май 19, 2018 17:11 Asia/Dushanbe
  • Қобилияти  ду баробар шудани афзоиши мубодилоти иқтисодии Эрон ва Қазоқистон

Муҳаммади Шариатмдорӣ, вазири санъат, маъдан ва тиҷорати Эрон гуфт, мубодилоти иқтисодии Эрон ва Қазоқистон қобилияти афзоиши дубаробар шуданро дорад.

Муҳаммади Шариатмдорӣ, ки барои ширкат дар Иҷлоси байналмилалии иқтисод (Остона форум) дар Остона ба сар мебарад, равобити ду кишварро дерина баршумурд ва афзуд, агар ду мувофиқатномаи консулӣ ва бонкии Эрон ва Қазоқистон ба таври комил иҷроӣ ва равобити коргузори байни бонкҳои ду кишвар бо евро барқарор шавад, равобити тиҷорӣ ба дубаробар қобили афзоиш аст.

Шариатмдорӣ дар ҳошияи ин иҷлос, ҳаҷми фаъолитҳои иқтисодии Эрон бо дунёи хориҷро наздик ба 200 миллиард доллар эълом ва тасреҳ кард, зарфиятҳои иқтисодӣ ва тиҷории хубе барои ҳамкории муштараки Эрон ва Қазоқистон вуҷуд дорад.

Вай бо баёни инки Қазоқистон бозори бисёр хубе барои судури колоҳо ва хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ аст, идома дод, зарфиятҳои транзитии хубе дар заминаҳои ҷодаӣ, рейлӣ ва ҳавоӣ миёни дукишвар вуҷуд дорад ва талош дорем равобит дар заминаҳои санъатӣ, маъданӣ ва тиҷориро низ густариш диҳем.

Шариатмдорӣ вазири санъат, маъдан ва тиҷорати Эрон чаҳоршанбешаб барои ҳузур дар нишасти чашмандози Эрон ва Евразия ва ширкат дар нишасти байналмилалии иқтисодии «Остона Форум» вориди Остона, пойтахти Қазоқистон шуд.

Ин иҷлоси байналмилалӣ аз рӯз панҷшанбе дар пойтахти Қазоқистон оғоз шуд ва ба муддати се рӯз идома дорад. Дар ҳошияи ин иҷлос мувофиқатномаи тарҷеҳоти тиҷории Эрон бо Иттиҳодияи иқтисоди Евразия тавассути муовинони нахуствазирони ин иттиҳодия ва Муҳаммад Шариатмдорӣ вазири санъат, маъдан ва тиҷорати Эрон ба имзо расид.

 

Барчасп