Май 20, 2018 12:07 Asia/Dushanbe
  • Гушоиши бистушашумин Намоишгоҳи байналмилалии Қуръони Карим дар Теҳрон

Бистушашумин Намоишгоҳи байналмилалии Қуръони Карим шанбешаб бо шиори «Қуръон - чилчроғи ҳидоят» дар Теҳрон гушоиш ёфт.

Ба гузориши ИРНА, раиси бистушашумин Намоишгоҳи байналмилалии Қуръони Карим дар ойини гушоиши он, шукуфоии истеъдодҳои қуръониро аз вижагиҳои асосии ин намоишгоҳ донист.

Абдуллоҳодӣ Фиқҳизода ҷараёнсозӣ барои парвариши истеъдодҳо дар халқи осори илмӣ ва фарҳангиро яке дигар аз короиҳои муҳими Намоишгоҳи байналмилалии Қуръони Карим донист ва гуфт: Қуръони Карим ба унвони дипломатияи фарҳангӣ боиси ифтихори мусулмонон аст.

Бистушашумин Намоишгоҳи байналмилалии Қуръони Карим аз имрӯз (якшанбе) ба муддати 17 рӯз то чаҳоруми июн баробар бо солрӯзи иртиҳоли Имом Хумайнӣ (раҳ) бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон, мизбони алоқамандон хоҳад буд.

Бахши байналмилалии намоишгоҳи Қуръон низ бо ҳузури 26 шахсияти илмӣ, фарҳангӣ ва ҳунарӣ аз кишварҳое ҳамонанди Ироқ, Малайзия, Туркия, Русия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон тайи чанд рӯз барпо хоҳад шуд.