Май 22, 2018 13:51 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ ба вазири умури хориҷии Амрико: Ту чикора ҳастӣ?

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар посух ба изҳороти вазири умури хориҷии Амрико алайҳи Эрон гуфт, Амрико наметавонад барои Эрон ва ҳамаи ҷаҳон тасмим бигирад.

Ба гузориши ИРНА, Ҳасани Рӯҳонӣ шомгоҳи душанбе дар вокуниш ба изҳороти вазири умури хориҷии Амрико, ки Эронро ба фиребкорӣ дар барномаи ҳастаӣ муттаҳам карда буд, гуфт: «Ин ки оқое, ки солҳо дар як маркази ҷосусӣ фаъолият дошта, ҳоло бихоҳад аз ҷойгоҳи вазири хориҷии Амрико барои Эрон ва дигар кишварҳо таъйини таклиф кунад, ба ҳеҷ ваҷҳ пазируфтанӣ нест. Шумо чӣ кора ҳастед, ки дар бораи Эрон ва ҷаҳон тасмим бигиред?».

Рӯҳонӣ бо ишора ба бадаҳдии Амрико ва хориҷ шуданаш аз тавофуқи ҳастаӣ гуфт, имрӯз дар Амрико ҳукумате рӯйи кор омада, ки дар як шаб ин кишварро ба ҳудуди 15 сол қабл бозгардонда ва ҳарфҳои ҷангталабонаи масъулони амрикоӣ дар солҳои 2003 ва 2004-ро такрор мекунад. Раисҷумҳури Эрон афзуд, мардуми Эрон қаблан ба ин ҳарфҳо беэътино будаанд ва ҳоло ҳам ба он беэътино ҳастанд ва дар канори якдигар ба роҳашон идома хоҳанд дод.

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико рӯзи душанбе зимни такрори изҳороти зиддиэронии худ гуфт, Амрико акнун аз тавофуқи ҳастаӣ хориҷ шуда ва бо ҳамкории муттаҳидони худ монеъ аз тасаллути Эрон бар Ховари Миёна хоҳад шуд. Вазири умури хориҷии Амрико ҳамчунин зимни ҳимоят аз ошубҳои чанд моҳи гузашта дар Эрон муддаӣ шуд, Амрико ба ҳимояти худ аз чунин ҳаракатҳо идома хоҳад дод.