Вазири фарҳанги Эрон даргузашти устод Қаноатро таслият гуфт
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i34520
Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон даргузашти устод Муъмини Қаноатро таслият гуфт.  
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 22, 2018 18:44 Asia/Dushanbe
  • Вазири фарҳанги Эрон даргузашти устод Қаноатро таслият гуфт

Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон даргузашти устод Муъмини Қаноатро таслият гуфт.  

Дар паёми Саиаббоси Солеҳӣ омадааст:

“Хабари даргузашти шоири шаҳири порсигуи тоҷик устод Муъмини Қаноат муҷиби таассуф гардид.

Ӯ, ки унвони шоири халқии Тоҷикистонро касб карда буд, дар осори мондагори хеш дар қолаби шеър ва достони ҳамосӣ, ҳамвора дағдағаҳои сиёсӣ ва иҷтимоии мардуми рӯзгори хешро баён мекард.

Инҷониб даргузашти ин шоирро ба миллати Тоҷикистон таслият гуфта, аз Худованд раҳмати восеа барои он марҳум хосторам”.