Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Амрикоиҳо аз пешрафтҳои Эрон асабонӣ ҳастанд
(last modified Fri, 25 May 2018 11:45:17 GMT )
Май 25, 2018 16:45 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Амрикоиҳо аз пешрафтҳои Эрон асабонӣ ҳастанд

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон бо баёни инки амрикоиҳо аз пешрафтҳои Эрон асабонӣ ҳастанд, таъкид кард: Мақомҳои амрикоӣ аз асабонияти худ хоҳанд мурд.

Оятуллоҳ Муҳаммад Имомии Кошонӣ дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон бо таъкид бар шиносоии душман ва тавтиаҳои он гуфт: Иқдоми Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико дар баробари БАРҶОМ нишон дод, ки мақомҳои ин кишвар бо Ислом мушкил доранд ва дар пайи зарба задан ба ҷомеаҳои исломӣ ҳастанд.

Оятуллоҳ Имомии Кошонӣ бо баёни инки душманон мехоҳанд уммати Ислом ҳамеша дар иқтисод ва амният мушкил дошта бошад, афзуд: Душманон медонанд, ки Ислом сабаби пешрафт, иқтидор ва иззати ҷомеа мешавад, бинобар ин ҳамвора дар пайи  зарба задан ба ин дини илоҳӣ ҳастанд.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон, имон ба Худо, истиқомат, истифода аз тавон ва зарфиятҳои дохилӣ, инсиҷом ва истифода аз неруи инсонии ҷавон ва коромадро роҳи муқобила бо тавтиаҳои душман унвон кард.

Оятуллоҳ Имомии Кошонӣ хотирнишон кард: Оянда аз они уммати Ислом аст ва душманон нобуд хоҳанд шуд.