Баёнияи поёнии нишасти комиссияи муштараки БАРҶОМ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i34654-Баёнияи_поёнии_нишасти_комиссияи_муштараки_БАРҶОМ
Аъзои БАРҶОМ бар иҷрои мустамар ва комили тавофуқи ҳастаӣ таъкид карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 26, 2018 03:45 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи поёнии нишасти комиссияи муштараки БАРҶОМ

Аъзои БАРҶОМ бар иҷрои мустамар ва комили тавофуқи ҳастаӣ таъкид карданд.

Муовини масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ҷумъашаб дар поёни нишасти комиссияи муштараки БАРҶОМ дар Вена дар баёнияе эълом кард, аъзои боқимондаи БАРҶОМ дар ин нишаст бар тааҳҳуди худ барои иҷрои мустамар ва комили тавофуқи ҳастаӣ таъкид ва рафъи таҳримҳои муртабит бо ҳастаӣ ба манзури оддисозии равобити иқтисодӣ ва тиҷорӣ бо Эронро ҷузъи зарурии БАРҶОМ донистанд.

Ҳелга Шмид дар ин баёния тасреҳ кард, аъзои БАРҶОМ аз хуруҷи Амрико аз ин тавофуқи байналмилалӣ ва эълом вазъи муҷаддади таҳримҳои Вашингтон, ки мутобиқи БАРҶОМ лағв шуда буданд, ибрози таассуф карданд.

Дар баёнияи муовини масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо хотирнишон шудааст БАРҶОМ яке аз аҷзои аслии сохтори ҷаҳонии адами ишоа ва як дастоварди бисёр муҳими дипломатӣ аст, ки ба иттифоқ оро ба таъйиди қатъномаи 2231 Шӯрои амният расидааст.

 Ҳелга Шмид дар ин баёния таъкид кард, аъзои БАРҶОМ дар ин нишаст паёмадҳои эҳтимолии вазъи муҷаддади таҳримҳои Амрикоро баррасӣ ва гомҳои муштарак барои ёфтани роҳиҳалҳои амалиётӣ тайи чанд ҳафтаи оянда дар робита бо мавзӯоте аз қабили ҳифз ва таъмиқи равобити иқтисодӣ бо Эрон, тадовуми фурӯши нафт, фаровардаҳои нафтӣ ва нақлу интиқолоти марбута, таомулоти коромади бонкӣ бо Эрон, тадовуми ҳамлу нақли дарёӣ, заминӣ, ҳавоӣ ва роҳи оҳан бо Эрон, таъмини бештари эътибороти содиротӣ ва эҷоди масирҳои вижа дар ҳавзаҳои молӣ, бонкӣ, бима ва тиҷорӣ бо ҳадафи тасҳили ҳамкориҳои иқтисодӣ ва молиро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.

Ин нишаст рӯзи ҷумъа ба дархости Эрон ва ба манзури баррасии паёмадҳои хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ ва баррасии роҳҳои пеши рӯ барои ҳусули итминон аз иҷрои мустамари ҳамаи абъоди тавофуқи ҳастаӣ, баргузор шуд.

Дар ин нишаст намояндагони Эрон, Бритониё, Фаронса, Олмон, Русия, Чин ва муовини масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ва ҳамчунин Юкия Амано мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ҳузур доштанд.

Амано ба манзури ироаи гузориши пойбандии комили Эрон ба БАРҶОМ дар ин нишаст ҳузур ёфта буд.

Эрон пешниҳод кард, дар қадами баъдӣ нишасти комиссияи муштарак дар сатҳи вазирон баргузор шавад.

Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико сешанбе 8 май бо такрори иттиҳомҳои беасос алайҳи Эрон, хуруҷи Вашингтон аз БАРҶОМ ва бозгашти таҳримҳои ҳастаӣ зарфи муддати се то 6 моҳи ояндаро эълом кард.

Ин иқдоми Трамп бо маҳкумияти густурдаи дохилӣ ва байналмилалӣ мувоҷеҳ шуд.