Май 26, 2018 17:54 Asia/Dushanbe
  • Адами таъсири хуруҷи Амрико аз БарҶом бар содироти нафти Эрон

Мудиромили ширкати миллии нафти Эрон дар шарҳи раванди содироти нафт пас аз хуруҷи Амрико аз БарҶом гуфт, содироти нафти Эрон ҳамонанди гузашта идома дорад ва ҳамакнун рӯзона ҳудуди 2 миллиону 500 ҳазор бушка нафти хом содир мешавад.

Алии Кордур, мудиромили ширкати миллии нафти Эрон бо ишора ба ин ки Амрико нақше дар содироти нафти Эрон надоштааст, изҳор дошт, агар аврупои‎ҳо ба ҳама аҷзо ва лавозими мавриди ниёзи содироти нафт, яъне киштиронӣ, ҳамлу нақл, нақлу интиқоли пул ва бима мутааҳҳид бимонанд, мушкиле дар содироти нафти Эрон ба вуҷуд намеояд.

Мудиромили ширкати миллии нафти Эрон дар бораи охирин вазъияти ҳузури “Тотал” дар тарҳи тавсеаи фози 11 –и Порси Ҷанубӣ гуфт, ҳамакнун “Тотал” дар талош аст бо вуҷуди таҳрими Амрико дар Эрон ҳузур дошта бошад ва агар ин кор дақиқ нашавад, тарҳи фози 11-и Порси Ҷанубӣ ба ширкати дигаре вогузор мешавад.

Бо хуруҷи Амрико аз БарҶом дар ҳаштуми май, кишварҳои аврупоӣ дар сиёсати эъломии худ аз ҳифзи БарҶом ва идомаи он сухан гуфтанд, аммо ҳамзамон бархе ширкатҳои аврупоӣ бо эъломи таҳримҳои ҷадиди Амрико эълом карданд, ба ҳамкории худ бо Эрон идома намедиҳанд ё мунтазири тасмимгирии амалии давлатҳои аврупоӣ барои ҳифзи БарҶом мемонанд.

Дар ҳамин ҳол ироаи тазмини воқеӣ аз сӯйи кишварҳои аврупоӣ барои таъмини манофеи иқтисодии Эрон, бо вуҷуди коршикании Амрико, ворид нашудани онон ба ду муаллафаи қудратсоз, яъне “барномаи мушакӣ” ва “ҳузури минтақаии Эрон”, “тазмини хариди нафти Эрон”, “тазмини бонкҳои аврупоӣ дар бораи дарёфт ва пардохти ваҷҳҳои тиҷорати давлатӣ ва хусусӣ бо Эрон” ва “муқобилаи ошкори Аврупо бо таҳрими Амрико зидди Эрон”, аз ҷумлаи шартҳое ҳастанд, ки Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ чаҳоршанбеи гузашта барои идомаи “БарҶоми аврупоӣ” баён карданд.

 

Барчасп