Шаби қадр шаби нузули Қуръон ва бахшиши гуноҳон
Июн 03, 2018 18:17 Asia/Dushanbe
Имшаб шаби нуздаҳуми моҳи мубораки Рамазон, шаби зарбат хурдани имом Алӣ (а), яке аз шабҳоест, ки бар зинда нигаҳдоштани он барои бозгаштан ба сӯи ҳазрати ҳақ таъкид шудааст.
Шаби қадр фурсатест, барои пок кардани зоҳир ва ботин аз ҳар олудагӣ. Шаби қадр шабзорӣ ва сабук шудани рӯҳ аз бори гуноҳон ва раҳоӣ аз дузах аст. Шабе, ки фурсате дубора барои изҳори шармсорӣ ва пушаймонӣ аз гузаштаҳост.
Қадр дар луғат ба маънои андоза ва андозагирӣ аст ва тақдир низ ба маънои андозагирӣ ва таъин аст. Аммо маънои истилоҳии қадр, иборат аст аз вижагии ҳастӣ ва вуҷуди ҳар чиз ва чигунагии офариниши он ва ба иборати дигар, андоза ва маҳдудаи вуҷуди ҳар чизе қадр ном дорад.