Июн 04, 2018 21:00 Asia/Dushanbe
  • Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ: Имом Хумайнӣ намоди инқилоби исломӣ аст

Раҳбари инқилоби исломӣ дар маросими бисту нуҳумин солгарди реҳлати имом Хумайнӣ (р) гуфтанд, имом Хумайнӣ намоди инқилоби исломӣ аст ва миллати Эрон роҳи ӯро му ба мӯу дунбол хоҳад кард.  

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари инқилоби исломӣ бо ҳузур дар маросими бисту нуҳумин солгарди реҳлати ҳазрати имом Хумайнӣ (р) ба суханронӣ дар ҷамъи ҳазорон нафарии дӯстдорони бунёнгузори ҷумҳурии исломии Эрон пардохтанд.  

Эшон гуфтанд: “30 сол аст, аз имоми бузургавор дар мисли чунин рӯзе сухан мегӯем. Баъд аз ин ҳам миллати мо ҳамвора аз имом сухан хоҳад гуфт ва шоиста ҳам ҳамин аст. Зеро имом намоди инқилоб аст ва ин кишвар бидуни мотори пурқудрати инқилоб ба ҳадафҳо ва орзуҳои бузурги худ даст нахоҳад ёфт”.  

Раҳбари инқилоби исломӣ бо ишора ба мусодиф шудани солрӯзи реҳлати имом Хумайнӣ бо аёми шаҳодати ҳазрати Алӣ (а), салобату ӣстодагӣ ва шиддати، латофату сафо ва риққат ва мазлумият дар айни қудратро аз сифоти ҳазрати Алӣ (а) донистанд, ки дар пайрави содиқи эшон, имоми Хумайнӣ низ дида мешуд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ чанд хусусиятро дар улгуи рафтории имом Хумайнӣ ба пайравӣ аз ҳазрати Алӣ (а) шарҳ доданд ва бархурди шуҷоона ва фаъол ва қудратмандона бо душманиҳо ва адами заъф ва инфиол, парҳез аз ҳаяҷонзадагӣ ва такя ба муҳосиботи ақлонӣ, эътимод ба тавоноиҳои мардум махсусан ҷавонон ва беэътимодӣ ба душманро шеваи рафтории имом Хумайнӣ баршумурданд.

Эшон ҳамчунин дар бораи тавофуқи ҳастаӣ ва мавзеи аврупоиҳо дар қиболи он гуфтанд: Аз бархе аз давлатҳои аврупоӣ ин ҷур бармеояд, ки инҳо таваққуъ доранд, миллати Эрон, ҳам таҳримҳоро таҳаммул бикунад ва бо таҳримҳо дасту панҷа нарм бикунад ва ҳам аз фаъолияти ҳастаии худ, ки ниёзи қатъии ояндаи кишвар аст, даст бикашад ва ҳамин маҳдудиятҳоро идома бидиҳад. Ман ба ин давлатҳо мегӯем: Бидонанд, ки ин хоби ошуфта таъбир нахоҳад шуд.