Таслияти солрӯзи шаҳодати ҳазрати Алӣ (а)
(last modified Tue, 05 Jun 2018 15:44:28 GMT )
Июн 05, 2018 20:44 Asia/Dushanbe
  • Таслияти солрӯзи шаҳодати ҳазрати Алӣ (а)

Имшаб шаби бистуякуми моҳи Рамазон, дуввумин шабе, ки гумон меравад, шаби қадр бошад ва шаби шаҳодати ҳазрати Алӣ (а), имоми аввали шиаёни ҷаҳон аст.

Имшаб аз шабҳоест, ки бар эҳё ва зинда нигаҳдоштани он барои тақарруб ба ҳазрати ҳақ таъкид шудааст.

Ба ҳамин муносибат ойинҳои вижае саросари Эрон бо ҳузури мардум дар масоҷид ва амокини мазҳабӣ, дар ҳоли баргузорӣ аст.  

Ошиқони имомат ва вилоят дар ин шаб дар масоҷид, такоё, ҳусайния‎ҳо, бақои мутабаррика ва дигар макон‎ҳои мазҳабӣ, бо гирдиҳам омадан ва қироати Қуръон то ҳангоми саҳар, алғавс- алғавс гуён, дуои Ҷавшани Кабир ва Асмои аъзами илоҳиро замзама мекунанд.

Дар Машҳади муқаддас саҳн ва ривоқ‎ҳои боргоҳи малакутии соминулҳаҷ ҳазрати Ризо(а), имоми ҳаштуми шиаёни ҷаҳон, мамлув аз зоирон ва муҷовиронест, ки бо сар гирифтани Қуръони карим ва муноҷот бо парвардгор, ҳолу ҳавои хоссе аз маънавиятро ба маросими эҳёи шаби бисту якуми моҳи Рамазон мебахшанд.