Июн 07, 2018 20:16 Asia/Dushanbe
  • Номаи муҳимми вазири хориҷаи Эрон ба чанд кишвари ҷаҳон

Вазири умури хориҷаи Эрон таъкид кард, агар қарор бошад тавофуқи ҳастаӣ идома ёбад, бояд ҳар хисорате, ки хориҷ шудани Амрико аз ин тавофуқ барои Эрон ба бор меоварад, ҷуброн шавад.

Ба гузориши Маркази дипломосии расонаии вазорати умури хориҷаи Эрон, Муҳаммадҷаводи Зариф дар номае хитоб ба вазирони умури хориҷаи чандин кишвар навишт, аъзои боқимонда дар тавофуқи ҳастаӣ ва дигар шарикони тиҷорӣ бояд итминон диҳанд хисоратҳое, ки хурӯҷи Амрико аз ин тавофуқ бар Эрон таҳмил мекунад, беқайду шарт аз тариқи иқдомоти миллӣ, минтақаӣ ва ҷаҳонӣ ҷуброн мешавад.

Зариф афзуд, Амрико натанҳо тааҳҳудоти худро бар асоси БАРҶОМ нақз кард, балки пойбанд набудани худро ба қатънома 2231 Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, ки ба иттифоқи оро ба тасвиб расида буд, низ ошкор сохт.

Вай таъкид кард, вазири умури хориҷаи Амрико талош мекунад аз ин қонуншиканӣ ва саркашии давлати худ, манфиат ҳам бибарад ва ошкоро дунёро таҳдид мекунад, ки ҳар кишваре муомила бо Эронро мутаваққиф накунад, муҷозот хоҳад шуд.

Дар номаи вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин омадааст, воқеан хандаовар аст, ки як мақоми олирутба аз кишваре, ки минтақаи Ховари Миёнаро ба аҷибтарин шакл, ҳаддиақал аз соли 2003, дучори бесуботӣ кардааст, акнун Эронро муттаҳам ба ҷангафрӯзӣ кунад дар ҳоле, ки Эрон қурбонии мустақими ҳузури таҷовузкоронаи Амрико дар минтақа аст, аз ҷумла замоне, ки нови амрикоии Винсенс, ҳавопаймои мусофирбарии 655-и Эронро дар сеюми июли 1988 ҳадаф қарор дод ва ҳамаи 290 сарнишини онро кушт.

 

Барчасп