Баргузории маросими “Шаби Эрон” дар Маскав
Маросими суфраи эронии рамазон бо унвони “Шаби Эрон” дар “Хаймаи Рамазон”-и масҷиди Мемориали Маскав пойтахти Русия баргузор шуд.
Ба гузориши ИРНА, “Хаймаи Рамазон”, як барномаи фарҳангии хайрияе аст, ки ҳар сол аз сӯи Идора муфтиёти мусулмонони Маскав ва бо ҳимояти Идораи муфтиёти мусулмонони Русия ва шаҳрдории Маскав баргузор мешавад.
Барномаҳои ин хаймаро дар моҳи мубораки Рамазон ҳар шаб як кишвари исломӣ ё мусулмоннишин баргузор мекунад.
Барномаи Эрон дар ин маросим, муаррифии таърих ва фарҳанги Эрон ва ҳамчунин пахши намоҳангҳо ва суханрониҳое дар ҳимоят аз миллати мазлуми Фаластин буд.
Ҳар сол намояндагони расмии ҳамаи динҳои Русия, намояндагони давлатӣ, аъзои Думаи давлатӣ ва Шӯрои федератсия, донишмандон, ҳунармандон, тоҷирон ва мардум аз миллиятҳо ва адёни мутафовит аз хаймаҳои рамазонӣ боздид мекунанд.
“Хаймаи Рамазон” беш аз як даҳа аст, ки дар Маскав баргузор мешавад ва ба таҷассуми меҳмоннавозии воқеии мусулмонон табдил шудааст.