Июн 12, 2018 09:41 Asia/Dushanbe
  • Риёл ва юан дар мубодилоти тиҷории Эрону Чин долларро иваз мекунанд

Тибқи тафоҳумномаи имзошуда байни Эрону Чин, арзҳои миллии ду кишвар дар мубодилоти тиҷорӣ мавриди истифода қарор мегирад.

Ба гузориши ИРНА, Масъуд Карбосиён рӯзи душанбе дар бораи натоиҷи сафари раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Чин гуфт, дар ин сафар чаҳор тафоҳумномаи муштарак байни Эрон ва Чин ба имзо расид, ки яке аз онҳо дар заминаи истифода аз арзҳои миллии ду кишвар дар мубодилоти тиҷорӣ ва истифода аз манобеи молии ду кишвар барои сармоягузорӣ буд. Вазири умури иқтисодӣ ва дороии Эрон афзуд, дар мавриди афзоиш ҳаҷми мубодилоти байни ду кишвар, аз ҷумла дар ҳавзаҳои мухталифи бонкӣ, нафт, нафту кимиё ва ҳаҷми тиҷорӣ низ табодули назар сурат гирифт.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи ҷумъа, 8 июн ба даъвати Си Ҷи Пин, раисҷумҳури Чин барои ширкат ва суханронӣ дар ҳаждаҳумин нишасти Созмони Ҳамкории Шонгҳой ба он кишвар сафар кард. Дар ин сафар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Чин бо ҳадафи тавсеаи беш аз пеши муносибот чаҳор санади ҳамкорӣ имзо карданд.