Июн 15, 2018 16:10 Asia/Dushanbe
  • Иқомаи намози иди саиди Фитр ба имомати Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ

Намози иди саиди Фитр ба имомати ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо ҳузури пуршӯр ва густурдаи шаҳрвандони теҳронӣ дар мусаллои Имом Хумайнӣ (раҳ) иқома шуд.

Мардуми муъмин дар саросари Эрон ҳам пас аз як моҳи бандагӣ ва рӯзадорӣ дар сафҳои ба ҳам пайваста, намози иди Фитрро иқома карданд.

Имрӯз (ҷумъа) дар бештар кишварҳои исломӣ аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон иди саиди Фитр эълом шудааст.

Дар дини Ислом, нахустин рӯзи моҳи шаввол, ба унвони иди Фитр таъйин шудааст, зеро мусулмонони рӯза‎дор дар моҳи рамазон бо ибодат ва истиғфор аз гуноҳони худ талош мекунанд, олудги‎ҳои ботиниро аз рӯҳ ва ҷони худ аз байн бибаранд ва ба фитрати воқеии хеш баргарданд.