Июн 16, 2018 16:07 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии тими миллии волейболи Эрон дар муқобили Полша (видео)

Тими миллии волейболи Эрон дар як бозии ҳайратовар бо натиҷаи 3:0 аз сади тими қудратманди Полша гузашт.

Ба гузориши ИРНА, ҳафтаи чаҳоруми Лигаи миллатҳои волейбол аз рӯзи гузашта (ҷумъа) дар кишварҳои мухталиф оғоз шуд ва аз соати 3 бомдоди рӯзи шанбе тими миллии волейболи Эрон дар аввалин бозии аз ин ҳафта ба масофи Полша рафт.

Миллипӯшони Эрон, ки барои бозиҳои ҳафтаи чаҳорум ба Чикагои Амрико сафар кардаанд, дар нахустин гом аз бозиҳои ин ҳафта, ба масофи садрнишини Лигаи миллатҳо рафтанд. Полшаиҳо то қабл аз оғози ҳафтаи чаҳорум бо 8 бурд аз 9 мусобиқа дар садр қарор доштанд.

Тими миллии волейболи Эрон дар як бозии тамошоӣ ва бо пирӯӣ дар се сети паёпай, дар маҷмуъ 3:0 тими қудратманди волейболи Полшаро шикаст дод.

Бад-ин тартиб Эрон, ки қабл аз ин бозӣ фақат 3 бурдро дар корномаи худ дар ҷадвали Лигаи миллатҳои волейбол дошт, бо шикаст додани 3 бар сифри садрнишини ин мусобиқот, шигифти бузургеро рақам зад. Тими волейболи Эрон дар дувумин бозии аз ҳафтаи чаҳоруми Лигаи миллатҳо имшаб ба масофи Сербистон меравад.