Июн 19, 2018 20:44 Asia/Dushanbe
  • Посухи Эрон ба дахолати Амрико дар мавзуи эъдоми як қотил дар Эрон

Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон баёнияи мудохилаҷуёнаи Амрикоро дар бораи иҷрои ҳукми эъдоми фарде, ки се маъмури полиси Эронро ба қатл расонда буд, маҳкум кард.  

Муҳаммадризо Салос дар ҳоле, ки гурӯҳе аз дарвешон дар хиёбони посдорони Теҳрон таҷаммуи эътирозомез баргузор карда буданд, бо автобус ба самти маъмурони нерӯи интизомӣ ҳамла кард, ки се маъмури полиси эронӣ ба шаҳодат расиданд.  

Вазорати хориҷаи Амрико дар баёнияе мудохилаҷуёна, эъдоми қотили се маъмури интизомии Эронро маҳкум кард.‏