Вазири нефти Эрон: Афзоиши баҳои нефт тақсири Амрико аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i35954-Вазири_нефти_Эрон_Афзоиши_баҳои_нефт_тақсири_Амрико_аст
Вазири нефти Эрон гуфт, талоши Амрико барои фишор овардан бар Эрон, муҳиммтарин омили рушди қимати нефт дар ҳафтаҳои ахир будааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 21, 2018 12:35 Asia/Dushanbe
  • Вазири нефти Эрон: Афзоиши баҳои нефт тақсири Амрико аст

Вазири нефти Эрон гуфт, талоши Амрико барои фишор овардан бар Эрон, муҳиммтарин омили рушди қимати нефт дар ҳафтаҳои ахир будааст.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Бижани Номдори Зангна дар суханоне дар ҳафтумин семинари байналмилалии созмони кишварҳои содиркунандаи нефт (ОПЕК) вазъи ахир дар бозори нефт ва қимати болои онро, натиҷаи рафторҳои раисиҷумҳури Амрико ва давлати ин кишвар донист.

Зангна гуфт, пас аз хориҷ шудани Амрико аз тавофуқ ҳастаӣ, қимати нефт дар як ҳафта шаш доллар афзоиш ёфт ва ин ба он маъно аст, ки таниши сиёсӣ дар минтақа ва ибҳом дар бозор, натиҷаи рафторҳои сиёсии нодурусти Амрико аст.

Вазири нефти Эрон таъкид кард, масъулони амрикоӣ ба зуддӣ ба нокоромадии равишҳои худ, пай хоҳанд бурд.

Зангна ҳамчунин дар вокуниш ба бархе пешбиниҳо дар бора уфти шадиди содироти нефти Эрон гуфт, бо вуҷуди фишорҳои Амрико бар кишварҳои харидори нефти Эрон, саъй дорем сатҳи содироти худро ҳифз кунем.

Вазири нефти Эрон ба манзури ширкат дар ҳафтумин семинари байналмилалӣ ва 174-умин нишасти Созмони кишварҳои содиркунандаи нефт (ОПЕК) ба Вена- пойтахти Утриш сафар кардааст.

Ҳафтумин Семинари байналмилалии дурӯзаи ОПЕК, бо ҳузури намояндагон ва масъулони баландпояи давлатҳо, ширкатҳо ва маҳофили илмӣ аз рӯзи чаҳоршанбе дар Вена оғоз шудааст.