Таҳсили 1300 донишҷӯи хориҷӣ дар Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i36116
Раиси Идораи донишҷӯёни байналмилалии донишгоҳи Машҳад гуфт, 1300 донишҷӯи хориҷӣ дар Донишгоҳи Фирдавсии шаҳри Машҳад машғул ба таҳсил ҳастанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 25, 2018 10:33 Asia/Dushanbe
  • Таҳсили 1300 донишҷӯи хориҷӣ дар Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад

Раиси Идораи донишҷӯёни байналмилалии донишгоҳи Машҳад гуфт, 1300 донишҷӯи хориҷӣ дар Донишгоҳи Фирдавсии шаҳри Машҳад машғул ба таҳсил ҳастанд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Зайнаби Муазинзода афзуд, ин донишҷӯён аз кишварҳое чун Афғонистон, Ироқ, Сурия, Лубнон, Яман, Тоҷикистон, Фаронса, Испания, Япония, Корея ва Индонезия барои таҳсил, ҷазби Донишгоҳи Фирдавсӣ шудаанд.

Вай идома дод, қисми зиёди донишҷӯёни хориҷии Донишгоҳи Фирдавсии Машҳадро, донишҷӯёни афғонистонӣ ташкил медиҳанд, ки оморашон дар
ҳар нимсоли таҳсилӣ байни 400 то 650 донишҷӯ мутағайир аст.