Содироти 50 миллиард долларии нафти хоми Эрон дар соли 2017
(last modified Mon, 25 Jun 2018 15:06:48 GMT )
Июн 25, 2018 20:06 Asia/Dushanbe
  • Содироти 50 миллиард долларии нафти хоми Эрон дар соли 2017

Муовини муҳандисӣ, пажуҳишӣ ва фанноварии Вазорати нафти Эрон гуфт: Маҷмуи даромади арзии содироти Эрон дар 2017 ҳудуди 95 миллиард доллар буд, ки 50 миллиард доллар ба нафти хом ва 20 миллиард доллар ба фаровардаҳо ва петрошимиҳо тааллуқ дошт.

Ҳабибуллоҳи Бетараф дар нахустин Конфронси байналмилалии “мудирияти якпорчагии дороиҳои физикии санъати нафт ва газ дар бахши соҳил ва фаросоҳил” дар Теҳрон, изҳор кард: Саҳми нафт ва фаровардаҳои санъати нафт аз сабади содиротии Эрон дар сол гузашта 70 дарсад буд.  

Эрон соли 2017 рӯзона ҳудуди ду миллиону 130 ҳазор бушка нафт содир карда, ки 62 дарсад аз ин мизон ба кишварҳои осиёӣ ва 38 дарсад низ ба Аврупо содир шудааст.