Сентябр 05, 2016 17:26 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Эрон ва Созмони милал барои таваққуфи фоҷиаҳои инсонӣ дар минтақа

Муовини арабӣ ва африқоии вазорати умури хорҷаи Эрон аз густариши ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид барои таваққуфи фоҷеаҳои инсонӣ, дар минтақаӣ ғарбӣ Осиё хабар дод.

Содиқ Ҳусайн Ҷобири Ансорӣ, рӯз душанбе пас аз дидор бо Стивен О'Брайен-муовини дабири кулли Созмон милал дар умури инсондӯстона дар Теҳрон гуфт, муқаррар шуд, Эрон ва СММ барои контроли абъоди фоҷеаҳои инсонӣ дар минтақа ҳамкорӣ кунанд.

Ҷобири Ансорӣ бо ишора ба наслкушӣ ва фоҷеаҳои инсонӣ дар Яман низ афзуд, ин наслкушӣ аз тариқи бомбаборони мустамар ба манотиқи маскунии Яман аз сӯи Арабистон анҷом мешавад.

Вай ҳамчунин бо ишора ба вуқуъи фоҷеаҳои инсонӣ дар дигар кишварҳои минтақа бавижа Ироқ ва Сурия гуфт, дар ин замина низ барои контроли ин фоҷеаҳо музокироти хубе баргузор шуд.