Сафари Рӯҳонӣ ба Аврупо, нишонаи шикасти сиёсати инзивои Эрон
Сафири Эрон дар Берн, сафари отии Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури исломии Эрон ба кишварҳои Швейтсария ва Австрияро нишондиҳандаи шикасти сиёсати Амрико барои инзивои Эрон дар сатҳи ҷаҳонӣ донист.
Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури исломии Эрон қарор аст, фардо ба даъвати Ален Берсет, раисҷумҳури Швейтсария сафаре дурӯза ба ин кишвар дошта бошад ва сипас аз онҷо ба Австрия биравад.
Муҳаммадризо Ҳоҷикарими Ҷабборӣ, сафири Эрон дар Берн бо баёни инки сафари Рӯҳонӣ ба Австрия ва Швейтсария нишондиҳандаи аҳаммияти нақши Эрон дар сатҳи байналмилалӣ ва Аврупо аст, гуфт: Теҳрон ҳамчунон дар ҳамаи абъоди минтақаӣ ва байналмилалӣ ҳузури муассир ва нақшофарин дорад.
Вай афзуд: сафари Рӯҳонӣ ба Швейтсария ва дидор бо раисҷумҳури ин кишвар илова бар инки нуқтаи атфе дар равобити Эрон ва Швейтсария хоҳад буд, азм ва иродаи ду кишварро барои ҳифз ва тақвияти он дар болотарин сатҳ нишон медиҳад.
Сафири Эрон дар Берн, дар бораи мавзеи Швейтсария пас аз хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ гуфт: Швейтсария монанди соири кишварҳо бо иқдоми Вашингтон мухолиф аст.