Тамдиди тавофуқномаи ҳамкории энержии байни Эрон ва Австрия
(last modified Thu, 05 Jul 2018 10:23:35 GMT )
Июл 05, 2018 15:23 Asia/Dushanbe
  • Тамдиди тавофуқномаи ҳамкории энержии байни Эрон ва Австрия

Муовини умури байналмилали Вазорати нафти Эрон гуфт: Тавофуқномаи ҳамкории энержии байни Эрон ва Австрия дар заминаи ҳамкориҳои нафтӣ, омӯзишӣ ва сармоягузорӣ дар ҳавзаи энержиҳои ҷойгузин, тамдид шуд.

Амирҳусайни Замониниё, муовини умури байналмилали Вазорати нафти Эрон, ки ба ҳамроҳи Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳурӣ ва ҳайъати олирутбаи Эрон ба Швейтсария ва Австрия сафар карда буд, дар ташреҳи дастовардҳои ин сафар дар ҳавзаи энержӣ афзуд: Бо таваҷҷуҳ ба вуҷуди тавофуқномаи ҳамкорӣ дар заминаи энержии байни Вазорати нафти Эрон ва Вазорати энержии Австрия, ин тавофуқнома дар заминаи ҳамкориҳои нафтӣ, омӯзишӣ ва сармоягузорӣ дар энержиҳои ҷойгузин, тамдид шуд.

Вай бо ишора ба музокироти анҷомшуда барои тиҷорати нафт гуфт: Ин музокирот пас аз охирин иҷлоси ОПЕК байни вазири нафти Эрон ва раиси ОПЕК шуруъ шуда ва дар Австрия низ идома ёфт.

Замониниё дар бораи содироти газ аз Эрон ба кишварҳои аврупоӣ низ афзуд: Австрия дар назар дорад, то аз ҳошияи Хазар ва Эрон ба Аврупо газ содир шавад ва суҳбатҳое дар ин хусус анҷомшуда ва Эрон низ ба ин мавзуъ алоқаманд аст.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури исломии Эрон, ки дар садри ҳайъати олирутба аз рӯзи душанбе ба ду кишвари аврупоии Швейтсария ва Австрия сафар карда буд, субҳи имрӯз ба Теҳрон бозгашт.