Июл 05, 2018 19:50 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи фарҳангии Тоҷикистон, меҳмони як барномаи радиоӣ дар Эрон

Шоҳмансури Шоҳмирзо шоир, нависанда, мутарҷим ва намояндаи фарҳангии Тоҷикистон дар муассисаи фарҳангии Эко, меҳмони Радио Эрон (як шабакаи радиоӣ дар Эрон) хоҳад буд.

Ин шабакаи радиоӣ иқдом ба таҳияи маҷаллаи радиоии «Порсигуён» карда, ки дар он форсизабонон дар ростои посдошти забон форсӣ талош мекунанд.

Ин маҷалла, ки аз фардо ҷумъа аз антени Радио Эрон шунида мешавад, меҳмононе аз ҷумла Шоҳмансури Шоҳмирзо дорад.

Ин шоир ва нависандаи тоҷик қарор аст, дар ин барномаи радиоӣ дар бораи таомулоти фарҳангии Тоҷикистон бо Эрон суҳбат кунад.

Гуфтугӯ бо Фотимо Ҳусайнӣ, ҳунарманди аккоси афғони муқими Эрон, ки намоишгоҳе ба номи Кобул – Теҳрон дошт, аз дигар бахшҳои ин барнома аст.

«Порсигуён» ҷумъаҳо аз Радио Эрон пахш мешавад.