Июл 10, 2018 16:58 Asia/Dushanbe
  • Ҷаҳонгирӣ: Вазорати хазонадории Амрико ба утоқи ҷанги иқтисодӣ зидди Эрон табдил шудааст

Муовини аввали раисҷмҳури исломии Эрон, гуфт: Вазорати хазонадории Амрико ба утоқи ҷанги иқтисодӣ зидди Эрон табдил шудааст.

Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ дар ойини ифтитоҳи тарҳи тавсеаи фулодсозӣ дар Исфаҳон, маркази Эрон, яке аз аҳдофи Амрикоро зарба задан ба иқтисоди Эрон барои таҳаққуқи аҳдофаш донист ва тасреҳ кард: Ин роҳбурдест, ки Амрико бо режими саҳюнистӣ ва саудиҳо низ ҳамоҳангӣ карда, то битавонанд аз ҷиҳоти мухталиф ба Эрон фишор ворид карда ва роҳбурди худро амалӣ кунанд.

Вай афзуд: Амрико бо Чин низ ҷанги тиҷорӣ ба роҳ андохта ва аз паймонҳои мухталифи байналмилалӣ хориҷ шуда ва сиёсати хосе дар мақтаи феълӣ дар Амрико дунбол мешавад.

Ҷаҳонгирӣ бо баёни инки Амрико мехоҳад, содироти нафт ба унвони муҳимтарин даромади Эронро то ноябри 2018 ба сифр бирасонад, хотирнишон кард: Ин иддаое воҳӣ ва беҳисоб аст ва амалӣ шудани ин иддао ниёзманди таслим шудани дигар кишварҳо ва эътирофи онон ба ночиз будан дар баробари Амрикост.

 

Барчасп