Июл 12, 2018 10:36 Asia/Dushanbe
  • Баргузории нахустин нишасти ҳамкории расонаии Эрону Русия дар Теҳрон

Нахустин нишасти ҳамкории расонаии Эрону Русия рӯзи чаҳоршанбе дар Теҳрон баргузор шуд.

Ба гузориши ИСНА, Муҳаммади Султонифар, муовини умури матбуотӣ ва иттилоърасонии вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар ин нишаст бо таъкид бар густариши ҳамкории расонаии Эрону Русия гуфт, манофеи муштараки иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии бисёре байни Теҳрону Маскав вуҷуд дорад, ки метавонад мабнои тавсеаи равобити расонаии ду тараф қарор гирад. Султонифар ҳамчунин тақвияти дипломатияи расонаӣ ба унвони муҳимтарин бахши дипломатияи фарҳангиро зарурӣ баршумурда афзуд, тавсеаи дипломатияи расонаӣ метавонад ба афзоиши огоҳии умумӣ ва ошноию ҳамроҳии миллатҳо бо мардуми Эрон мунҷар шавад. Алексей Валин, муовини вазири тавсеаи рақамӣ, мухобирот ва иртибототи ҷамъии Русия низ дар ин нишаст, тасреҳ кард, мубодилаи ахбор, табодули фанновариҳои фаннӣ, расонаӣ ва афзоиши сатҳи ҳирфаии хабарнигорон аз ҷумлаи мавзӯоти муҳиму мавриди тавофуқи ду тараф дар тавсеаи ҳамкории расонаӣ аст. Ӯ ҳамчунин аз таъсиси дафтари ҳамкории расонаҳои Русия дар Эрон хабар дод.

Дар нахустин нишасти Кумитаи муштараки ҳамкории расонаии Эрону Русия намояндагоне аз расонаҳои мухталифи Русия, аз ҷумла “Спутник”, ИТАР-ТАСС ва дабирони кулли Хабаргузории ҷумҳурии исломӣ (ИРНА), Хабаргузории донишҷӯёни Эрон (ИСНА), мудири кулли ҳамкориҳои байналмилалии Созмони садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон ва мудирони бархе хабаргузориҳо ва матбуот ҳузур доштанд.

 

Барчасп