Касби рутбаи ҷаҳонии мусобиқоти “Дониши мағз” аз сӯи Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i36618-Касби_рутбаи_ҷаҳонии_мусобиқоти_Дониши_мағз_аз_сӯи_Эрон
Намояндаи Эрон дар бистумин давраи Мусобиқоти ҷаҳонии “Дониши мағз” дар шаҳри Берлини Олмон, муваффақ ба касби унвони чаҳоруми ин мусобиқот шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 14, 2018 15:23 Asia/Dushanbe
  • Касби рутбаи ҷаҳонии мусобиқоти “Дониши мағз” аз сӯи Эрон

Намояндаи Эрон дар бистумин давраи Мусобиқоти ҷаҳонии “Дониши мағз” дар шаҳри Берлини Олмон, муваффақ ба касби унвони чаҳоруми ин мусобиқот шуд.

Бистумин давраи мусобиқоти ҷаҳонии “Дониши мағз” ҳамзамон бо Конфронси федератсияи улуми аъсоби Аврупо бо ҳузури намояндагони 25 кишвари ҷаҳон дар шаҳри Берлини Олмон баргузор шуд.  

Мусобиқоти ҷаҳонии “Дониши мағз” ҳарсола ҳамзамон бо баргузории яке аз конгресҳои ҳавзаи улуми аъсоб дар яке аз кишварҳои ҷаҳон баргузор мешавад ва дар ин давра Маҳсо Ормон аз мадрасаи Фарзонагони яки Машҳад рутбаи чаҳоруми ҷаҳонии ин рақобатро аз они худ кард.