Июл 19, 2018 11:22 Asia/Dushanbe
  • Cафири Русия: Ҳузури Эрон дар Сурия қонунӣ аст

Сафири Русия дар Теҳрон гуфт, ҳузури Эрон дар Сурия қонунӣ аст, ба хости Димишқ дар ин кишвар ҳузур дорад ва дар амалиёти нобудии террористҳо ширкат мекунад.

Леван Ҷагарян, сафири Русия дар Теҳрон дар гуфтугӯ бо рӯзномаи «Коммерсант» дар бораи имкони фишори Маскав бар Теҳрон барои хориҷ кардани воҳидҳои низомии худ аз Сурия изҳор кард, Эрон кишваре нест, ки битавон бар он фишор ворид кард, Теҳрон сиёсати хориҷии мустақили худро дорад, бо эрониҳо метавон кор кард, аммо фишор бар онҳо ғайримумкин аст. Сафири Русия дар Теҳрон ҳамчунин дар бораи имкони идомаи хариди нафт аз Эрон пас аз моҳи ноябр афзуд, Русия таҳримҳои якҷонбаи Амрикоро намепазирад ва ин таҳримҳо ғайриқонунӣ аст, зеро Теҳрон ба тааҳҳудҳои худ дар чорчӯби БарҶОМ пойбанд буда, Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ борҳо ин масъаларо таъйид кардааст. Ҷагарян тасреҳ кард, ин ки қудратҳои аврупоӣ, шомили Фаронса, Англия ва Олмон ин воқеиятро мепазиранд, ки Эрон ба тааҳҳудҳои худ дар БарҶОМ амал мекунад ва назари Амрико дар ин замина дуруст нест, масъалаи муҳиме аст.

Сафири Русия дар Эрон дар бораи роҳкори давлатҳои аврупоӣ барои ҷилавгирӣ аз таҳримҳои Амрико дар ҳамкорӣ бо Эрон хотирнишон кард, кишварҳои аврупоӣ аз қонуне, ки дар соли 1996 барои дифоъ аз ширкатҳои аврупоӣ дар баробари таҳримҳои Амрико тасвиб шуд, истифода мекунанд. Леван Ҷагарян ҳамчунин дар бораи равобити дуҷонибаи Маскав ва Теҳрон таъкид кард, равобити тиҷорӣ ва иқтисодии Эрону Русия тавсеа меёбад ва ду кишвар чанд тарҳи бузурги дар ҳоли иҷро доранд: эҳдоси воҳидҳои дувум ва сеюми нерӯгоҳи ҳастаии Бушаҳр, эҳдоси чаҳор блоки нерӯгоҳи барқи ҳароратӣ дар устони Ҳурмузгон ва барқӣ кардани хати оҳани Гармсор - Инчабарун аз он ҷумла аст.

 

Барчасп