Афзоиши беэътимодии сенатрҳои ҷумҳурихоҳ ба вазири дифоъ Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/world-i125260-Афзоиши_беэътимодии_сенатрҳои_ҷумҳурихоҳ_ба_вазири_дифоъ_Амрико
Порс Тудей- Сомонаи Ҳил навишт: Бо идомадор шудани ҷанги Эрон ва густариши он ба дарёи Сурх эътимоди сенатрҳои ҷумҳурихоҳ ба Пит Гегсет вазири дифоъи Амрико барои идораи Пентагон коҳиш ёфта аст.
(last modified 2026-07-28T12:47:36+00:00 )
Июл 28, 2026 17:44 Asia/Dushanbe
  • Пит Ҳегсет, вазири дифоъи Амрико
    Пит Ҳегсет, вазири дифоъи Амрико

Порс Тудей- Сомонаи Ҳил навишт: Бо идомадор шудани ҷанги Эрон ва густариши он ба дарёи Сурх эътимоди сенатрҳои ҷумҳурихоҳ ба Пит Гегсет вазири дифоъи Амрико барои идораи Пентагон коҳиш ёфта аст.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз ИРНА, сомонаи амрикоии "Hill" таъкид кард, ки баъзе қонунгузорони ҷумҳурихоҳ нокомии ҳукумати Амрикоро дар боз кардани Тангаи Ҳурмуз, ки боиси болоравии нархи нафт ва газ аз моҳи феврал шудааст, мавриди интиқод қарор доданд.

Афзоиши ҷанг дар дарёи Сурх дар рӯзҳои охир, ки дар он нерӯҳои Яман киштиҳои танкерии Арабистони Саудиро ҳадаф қарор додаанд, ба гуфтаи Ҳилл, як таҳаввулоти дигаре аст, ки ба гуфтаи баъзе ҷумҳурихоҳон, Пентагонро ба ҳайрат овардааст.

Ман дигар ба Ҳегсетт бовар надорам, гуфт сенатори ҷумҳурихоҳ Том Тиллис аз Каролинаи шимолӣ ба хабаргузории амрикоӣ. Ман фикр мекунам, ки ӯ дар ҳолати нооромӣ қарор дорад ва ба нафақа баромадан ва аз кор рондани баъзе аз мақомоти баландпояи Вазорати дифоъ суръат бахшидааст гуфт Тиллис.

Сенатори амрикоӣ, ки ахиран аз Доналд Трамп мунтақид буд, Ҳегсеттро дар идоракунии як ниҳоди бузурге ба монанди Пентагон бетаҷриба тавсиф кард ва изҳор дошт, ки буҳрони эътимод ба роҳбарии Ҳегсетт дар Пентагон дар байни сенаторҳои ҷумҳурихоҳ афзоиш меёбад, зеро хароҷоти ҷанг афзоиш ёфтааст ва ба назар мерасад, ки мо ба як созишномаи пойдори сулҳ наздик нестем.

Сенатори ҷумҳурихоҳ маъмурияти Амрикоро барои он танқид кард, ки иқдоми Эронро барои густариши ҷанг ба як нуқтаи дигари муҳим дар Боб-ул-Мандаб пешбинӣ накардааст.

Ҳилл афзуд: Як сенатори ҷумҳурихоҳ, ки ба сиёсатгузорони дифоъ дар конгресси Амрико наздик аст, низ тасдиқ кард, ки Ҳегсетт дар сафҳои болоии артиши Амрико пуштибониро аз даст медиҳад, ки ин боиси нигарониҳо дар байни ҷумҳурихоҳон мегардад.

Тибқи гузориши расонаҳои амрикоӣ, баъзе сенаторҳои ҷумҳурихоҳ махсусан аз қарорҳои ахири Ҳегсетт дар бораи маҷбур кардани баъзе аз мансабдорони баландпояи низомӣ ба нафақа, аз ҷумла Крис Донахью, фармондеҳи олии низомии Амрико дар Аврупо, нигарон ҳастанд.

Хилл навиштааст, ки тӯл кашидани ҷанги Эрон, бар хилофи пешгӯии аввалини Трамп дар моҳи март, ки он танҳо аз чор то панҷ ҳафта давом мекунад, боиси норозигии мардум шудааст.

Сенаторҳои ҷумҳурихоҳ ҳушдор медиҳанд, ки дастгирии кофии ҷумҳурихоҳон барои қабули буҷаи низомӣ тавассути раванде, ки Трамп дар ҷустуҷуи он аст, вуҷуд надорад ва ин роҳи махсуси маблағгузориро тавассути тартиби филибастери (итолаи барраси) демократҳо талаб мекунад.