Дастгирии омилони аслии шаҳодати нерӯҳои амниятии Эрон дар Зоҳидон
Муовини амниятии интизомии устондори Систон ва Балучистон (ҷануби шарқи Эрон), гуфт: Ду нафар аз омилони аслии шаҳодати нерӯҳои амниятӣ дар минтақиа Корини шаҳристони Зоҳидон, дастгир шуданд.
Муҳаммадҳодии Маръашӣ, муовини амнияти интизомии устондори Систон ва Балучистон тасреҳ кард: Дар даргирии нерӯҳои тарҳи амнияти минтақаи Корини Зоҳидон бо ашрори мусаллаҳ, панҷшанбе Алиризо Шебахш ва Парвизи Шебахш ба шаҳодат расиданд ва омилони аслии ин ҷиноят, бомдоди имрӯз дастгир шуданд.
Қосим Ҳасанзода, масъули равобити умумии қароргоҳи Қудс бо ишора ба талоши шабонарӯзии нерӯҳои ин қароргоҳ, тасреҳ кард: Дар амалиёти ғофилгиронаи дастгири авомили шаҳодати нерӯҳои тарҳи амният, аз маҳалли ихтифои ин афрод мақодире силоҳ ва муҳиммот низ кашф шудааст.