Июл 23, 2018 10:12 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори осебдидагони зилзила дар ғарби Эрон

Шумори осебдидагони зилзилаи рустои Тозаободи шаҳристони Салоси Бобоҷонӣ дар устони Кирмоншоҳ, дар ғарби Эрон афзоиш ёфт.

Ба гузориши ИРНА, заминларзае ба бузургии 5.9 дараҷа дар миқёси амвоҷи дарунии замин (Риштер) асри рӯзи якшанбе рустои Тозаободро ларзонд, ки то кунун бар асоси охирин оморҳо дар ин заминларза 156 нафар садама дидаанд.

Ба гуфтаи Ҳушанги Бозванд, устондори Кирмоншоҳ, бештари маҷрӯҳон ба сурати сарипойӣ дармон ва мураххас шудаанд ва фақат ҳашт нафар дар бемористон таҳти назар ҳастанд.

12-уми ноябри соли гузашта (2017) низ заминларзае ба бузургии 7.3 риштер манотиқи мухталифи ғарби Эрон, ба вижа устони Кирмоншоҳро ларзонд, ки бар асари он 483 нафар ҷон бохтанд ва беш аз 12 ҳазор нафар низ захмӣ шуданд.

Субҳи рӯзи якшанбе низ заминларзае ба қудрати 5.7 дар миқёси амвоҷи дарунии замин (Риштер) минтақаи Рӯйдар дар ҳаволии устони Ҳумузгон, дар ҷануби Эронро ларзонда буд.