Кореяи Шимолӣ хостори эъломи расмии поёни ҷанги ду Корея
(last modified Mon, 23 Jul 2018 10:43:35 GMT )
Июл 23, 2018 15:43 Asia/Dushanbe
  • Кореяи Шимолӣ хостори эъломи расмии поёни ҷанги ду Корея

Кореяи Шимолӣ аз ҳамсояи ҷанубии худ хост, ба тавофуқоти сарони ду кишвар дар қолаби баёнияи сулҳи “panmunjom” амал карда ва ба сурати расмӣ поёни ҷанги 1953 шибҳҷазираи Кореяро эълом кунад.

Хабаргузории расмии Кореяи Шимолӣ эълом кард: Кореяи Ҷанубӣ вазифа дорад, ба тааҳҳудоти сарон амал карда ва ба таври расмӣ поёни ҷангро эълом намояд.

Аз замони поёни ҷанг дар 1953 токунун минтақаи шибҳҷазираи Корея дар ҳолати ҷангӣ ба сар мебарад, зеро тарафайн дорои паймони муторикаи набард ҳастанд, аммо тавофуқномаи доимии сулҳро имзо накардаанд.