Эъломи замони расидагӣ ба шикояти Эрон алайҳи Амрико аз сӯйи Лоҳа
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i36883-Эъломи_замони_расидагӣ_ба_шикояти_Эрон_алайҳи_Амрико_аз_сӯйи_Лоҳа
Раиси Маркази ҳуқуқи байналмилалии раёсати ҷумҳурии Эрон гуфт, Девони байналмилалии додгустарӣ (Гаага) 27-уми августи соли 2018 - ро замони расидагӣ ба шикояти Эрон алайҳи Амрико эълом кардааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 25, 2018 13:08 Asia/Dushanbe
  • Эъломи замони расидагӣ ба шикояти Эрон алайҳи Амрико аз сӯйи Лоҳа

Раиси Маркази ҳуқуқи байналмилалии раёсати ҷумҳурии Эрон гуфт, Девони байналмилалии додгустарӣ (Гаага) 27-уми августи соли 2018 - ро замони расидагӣ ба шикояти Эрон алайҳи Амрико эълом кардааст.

Ба гузориши Ирна, Девони байналмилалии додгустарӣ асри сешанбе тайи номае расмӣ хитоб ба Майк Пампео, вазири умури хориҷаи Амрико, бо эъломи замони расидагӣ ба шикояти Эрон алайҳи Амрико, ба давлати Вашингтон ҳушдор дод, аз ҳар иқдоми ҷадид дар хусуси бозгашти якҷонибаи таҳримҳо зидди Эрон худдорӣ кунад.

Муҳсини Муҳибӣ эълом кард, Эрон ба иллати паёмадҳои бади баргардонидани таҳримҳои якҷонибаи Амрико, аз девон хоста буд, то замоне, ки шикояташ дар марҳилаи расидагӣ ва судури раъй дар даъвои аслӣ қарор дорад, ба унвони як амри фаврӣ ва тайи дастури ҷудогонае баргардондани таҳримҳоро мамнуъ кунад.

Ба гуфтаи вай, ҳамчунин девон аз давлати Амрико бихоҳад, ин иқдомотро мутаваққиф кунад.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷа душанбешаб  (23-юми июл) гуфт, шикояти Эрон аз Амрико ба далели нақзи тааҳҳудоти байналмилалӣ ва мушаххасан Аҳдномаи дӯстӣ ва равобити иқтисодӣ ва ҳуқуқи консулии соли 1955 миёни ду кишвар аст.

Баҳроми Қосимӣ таъкид кард, дар ин шикоят ишора шуда, ки тасмими 8-уми майи соли 2018-и Амрико дар эъмоли муҷаддади таҳримҳои ҳастаӣ зидди Эрон бо тааҳҳудоти байналмилалии Вашингтон муғойират дорад ва Амрико мулзам аст зимни таваққуфи ин аъмоли қонуншиканонаи байналмилалӣ, тамоми хисороти воридаро ҷуброн кунад.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи душанбе дар сафҳаи шахсии худ дар Твиттер навишта буд, Эрон аз Амрико ба далели эъмоли муҷаддади таҳримҳои якҷониба алайҳи Эрон, ба Девони байналмилалии додгустарӣ шикоят кардааст.