Июл 26, 2018 10:17 Asia/Dushanbe
  • Ситораи футболи Эрон ба “Брайтон”-и Англия пайваст

Алирзои Ҷаҳонбахш, ситораи тими миллии футболи Эрон ба тими лигаи бартари “Брайтон”-и Англия пайваст.

Ба гузориши ИРНА, қарордоди оқои голи фасли гузаштаи футболи Нидерландия, ки амалкарди дурахшон дар тими футболи «Алкмаар»-и ин кишвар дошт, бо “Брайтон” панҷсола аст.

Бошгоҳи “Брайтон” бидуни ишора ба ҳаҷми пули қарордоди Ҷаҳонбахш эълом кард, ин ҷобаҷоӣ рекорди нақлу интиқолоти ин бошгоҳро шикастааст. Аммо шуморе аз расонаҳои бритониёӣ ҳаҷми пули қарордодии Алиризо Ҷаҳонбахшро 17 миллион фунт эълом карданд.