Июл 31, 2018 13:03 Asia/Dushanbe
  • Тими навниҳолони Эрон – қаҳрамони КАФА

Тими футболи навниҳолон (зери 15 сол)-и Эрон бо ғалаба бар Тоҷикистон қаҳрамони КАФА-2018 шуд.

Ба гузориши сойти расмии Федератсияи футболи Эрон, тими навниҳолони Эрон шомгоҳи душанбе дар охирин дидори худ дар КАФА (Иттиҳоди Футболи Осиёи Марказӣ)-2018 дар Тошканди Узбакистон бо тими Тоҷикистон рақобат кард ва бо се гол ба бартарӣ расид. Меҳрон Нафарӣ як гол ва Ориё Асғарӣ ду гол барои Эрон дар ин мусобиқа ба самар расонданд.

Тими навниҳолони Эрон бо касби ин пирӯзӣ соҳиби 15 имтиёз ҳам шуд ва бо 12 голе, ки ба дарвозаи ҳарифон ворид карду ҳеҷ голеро ба дарвозааш роҳ надод, ба мақоми қаҳрамонии КАФА-2018 даст ёфт. Ҳамчунин дар поёни ин рақобатҳо Меҳрон Нафарӣ ва Ориё Ҳусайнӣ ба тартиб ба унвони беҳтарин бозикун ва дарвозабони мусобиқот интихоб шуданд.

Эрон дар КАФА-2018 ду бар сифр бар Қирғизистон ва панҷ бар сифр бар Туркманистон ғалаба карда, Афғонистону Узбакистонро бо натиҷаи як бар сифр шикаст дод ва се бар сифр бар Тоҷикистон пирӯз шуд.

 

Барчасп