Июл 31, 2018 17:48 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Эрон ба ҷинояти Данғара ва иддаои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон

Вазорати хориҷаи Эрон ба иқдоми террористӣ дар ҷануби Тоҷикистон зидди гардишгарони хориҷӣ ва ба дунболи он, иддаои зиддиэронии Вазорати дохилии Тоҷикистон вокуниш нишон дод.  

Ба нақл аз Вазорати хориҷаи Эрон, Баҳроми Қосимӣ, сухангуи дастгоҳи дипломатияи Эрон бо ибрози таассуф аз ҳамла ба гардишгарони хориҷӣ дар Тоҷикистон, ки ба кушта ва маҷрӯҳ шудани шуморе аз онҳо анҷомид, гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон ҳаргуна иқдоми террористӣ дар нуқоти мухталифи дунё аз ҷумла ҳодисаи ахири зидди гардишгарони хориҷӣ дар Тоҷикистонро маҳкум мекунад.  

Қосимӣ бо интиқод аз матолиби манфии эъломшуда дар баёнияи Вазорати дохилии Тоҷикистон зидди Эрон гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон ҳаргуна иртибот бо ин ҳодиса ва вуҷуди пойгоҳ барои омӯзиши иқдомоти харобкорона дар хоки худро ба шиддат такзиб мекунад ва омодагӣ дорад, барои баррасии абъоди ин қазия бо мақомоти зирабти тоҷик ҳамкорӣ кунад.  

Вай тарҳи ин қабил масоили бепояву асосро ба зиёни равобити дӯстона ва бародаронаи миёни Эрон ва Тоҷикистон донист ва ибрози умедворӣ кард, ки дутараф бо кумаки якдигар ба тақвияти муносиботи фимобайн бипардозанд ва иҷоза надиҳанд, ки душманон бо тарҳи ин қабил масоил халале дар равобити дуҷониба эҷод кунанд.

Вазорати дохилии Тоҷикистон дар ҳоле ҷумҳурии исломии Эронро дар ҳодисаи террористии ин кишвар муттаҳам карда, ки ДИИШ масъулияти ин ҳамларо бар уҳда гирифтааст.