Август 02, 2018 09:51 Asia/Dushanbe
  • Эҳзори сафири Тоҷикистон ба Вазорати умури хориҷии Эрон

Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи Вазорати хориҷии Эрон аз эҳзори сафири Тоҷикистон дар Теҳрон хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Баҳроми Қосимӣ бо эъломи хабари эҳзори сафири Тоҷикистон дар Теҳрон тавассути мудири кулли Авруосиёои Вазорати умури хориҷии Эрон гуфт, маротиби эътирози шадид нисбат ба рафтори мақомҳои он кишвар дар ҳодисаи террори дучархасаворони хориҷӣ дар Тоҷикистон ва иттиҳомҳои беасос ба Эрон ба вай расонида шуд. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон афзуд, дар ин дидор ба сафири Тоҷикистон гуфта шуд, ки ироаи унвони ғалат сабаби ҳаяҷон ва ташвиқи террористҳои такфирӣ барои ташдиди иқдомҳои хушунатбор шуда ва ба дар баробари он талош барои эҷод тафриқаи мазҳабӣ ва таблиғи он аз тарафи баъзе аз маҳофилу ашхоси динӣ ва расонаӣ натиҷае ҷуз эҷоди таниш, ноамнӣ ва афзоиши иқдомҳои террористӣ барои ин кишвар нахоҳад дошт. Ӯ тасреҳ кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон омодагӣ дорад, ҳама таҷриба ва имконоти худро барои мубориза бо ҷараёни такфирии ифротгаро бо ҳадафи таҳкими сулҳу суботи минтақа ва фароҳам овардани муҳити амн барои иртиқои рифоҳ ва саодати мардум дар ихтиёри дигар кишварҳо қарор диҳад.

Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон дар ин дидор зимни ибрози таассуф аз вақоеи пешомада изҳор дошт, маротиби эътирози давлати Ҷумҳурии Исломии Эронро ба иттилои мақомҳои кишвараш хоҳад расонд.

Эҳзори сафири Тоҷикистон ба Вазорати умури хориҷии Эрон пас аз он анҷом шуд, ки Вазорати умури дохилии Тоҷикистон пас аз кушта шудани чаҳор сайёҳи хориҷӣ дар ин кишвар дар рӯзи душанбе бо муттаҳам кардани Ҳизби наҳзати исломӣ ба дахолат дар ин ҳодиса муддаӣ шуд, раҳбари ин гурӯҳе, ки сайёҳҳонро террор кард, дар Эрон омӯзиш дидааст ва барои тазъифи давлати Душанбе ба ин ҳамла даст задааст. Дар вокуниш ба ин иттиҳом раҳбарони табъидии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳар гуна иртиботе бо ин ҳамла ва Эронро рад карданд. Ин дар ҳолест, ки гурӯҳи террористи ДИИШ рӯзи душанбе дар баёнияе эълом кард, қатли рӯзи чаҳор сайёҳи хориҷӣ дар ҷануби Тоҷикистон аз сӯйи аносири ин гурӯҳ сурат гирифтааст.