Август 02, 2018 16:57 Asia/Dushanbe
  • Бурди пургули намояндаи футзали Эрон дар баробари рақиби тоҷикистонӣ

Дар нуҳумин давраи рақобатҳои футзали Ҷоми бошгоҳҳои Осиё дар 2018 дар Индонезия, намояндаи Эрон дар аввалин дидор муқобили намояндаи Тоҷикистон ба пирӯзии пургул даст ёфт.  

Ба нақл аз Форс, тими футзалии Миси Сунгун, ки ба унвони қаҳрамони лиги бартари соли гузаштаи Эрон дар мусобиқоти футзали Ҷоми бошгоҳҳои Осиё дар Индонезия ҳузур дорад, дар дидори нахусти худ дар гурӯҳи D тавонист тими Сипар, намояндаи футзали Тоҷикистонро бо натиҷаи 9 бар 2 шикаст диҳад.

Дар дигар дидори гурӯҳи D тимҳои Бонки Бейрут ва AGMK-и Узбакистон баъд аз зуҳри панҷшанбе ба масофи ҳам мераванд.