Август 03, 2018 17:01 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири умури хорҷаи Эрон бо мақомоти кишварҳо дар ҳошияи иҷлоси ASEAN

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки барои ширкат дар иҷлоси Иттиҳодияи кишварҳои ҷанубу шарқи Осиё (ASEAN) ба Сингапур сафар карда буд, зимни ширкат дар ин нишаст ва имзои санади пайвастани Эрон ба Паймони маваддат ва ҳамкории ASEAN, бо бархе мақомоти кишварҳо дидор ва гуфтугӯ кард.

Ба гузориши идораи кулли дипломатияи расонаии вазорати умури хорҷаи Эрон, Муҳаммадҷаводи Зариф бо вазирони умури хорҷаи Малайзия, Филиппин, Русия, Туркия, Ветнам ва раиси ҷумҳурӣ ва нахуствазири Сингапур дидор ва дар бораи масоили мавриди алоқаи дуҷониба гуфтугӯ кард.

Вай рӯзи ҷумъа дар дидор бо Ҳалима Яъқуб раиси ҷумҳурии Сингапур ва Вивиан Балакришнан вазири умури хориҷаи ин кишвар, равобити дуҷонибаро дӯстона хонд ва заминаҳои ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои мухталифро ташреҳ кард.

Баррасии равобити дуҷониба, «ASEAN», масоили минтақаӣ, шароити байналамилалӣ ва БАРҶОМ аз меҳварҳои гуфтугӯи тарафҳо буд.

Зариф ҳамчунин дар ин сафар бо вазирони умури хорҷаи Чин ва Индонезия ба таври ҷудогона дидор ва дар бораи масоили мавриди алоқаи тарафҳо гуфтугӯ кард.

Ҳамкориҳои наздиктар дар ҳамаи заминаҳои дуҷониба, минтақаӣ ва байналмилалӣ, ҳифзи БАРҶОМ ба унвони як дастоварди дипломатӣ ва баҳрамандии Эрон аз мазоёи он ва муҳимтарин масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ аз ҷумла ин мавзӯъҳо буд.

Дар идомаи дидорҳо, вазири хориҷаи Эрон ҳамчунин бо Лим Ҷок Ҳой дабири кулли иттиҳодияи ASEAN ва вазирони умури хорҷаи Австралия ва Ниюзиланд ройзанӣ ва гуфтугӯ кард.

Санади пайвастани Эрон ба Паймони маваддат ва ҳамкории Иттиҳодия ҷанубу шарқи Осиё рӯзи панҷшанбе дар панҷоҳуякумин нишасти вазирони умури хориҷаи ин иттиҳодия дар Сингапур имзо шуд.