Август 06, 2018 16:49 Asia/Dushanbe
  • Сууди намояндаи Эрон ба марҳалаи баъди футзали бошгоҳҳои Осиё

Намояндаи футзали Эрон дар мусобиқоти футзали бошгоҳҳои Осиё дар Индонезия бо пирӯзӣ бар ҳарифони худ аз Тоҷикистон, Узбакистон ва Лубнон ба марҳалаи баъд сууд кард.

Рақобатҳои футзали Ҷоми бошгоҳҳои Осиё душанбе баргузор шуд ва тими футзали Миси Сунгун бо натиҷаи се бар як бар тими Бонки Бейрут пирӯз шуд ва ба унвони саргурӯҳи гурӯҳ D ба марҳалаи баъди ин рақобатҳо сууд кард.  

Тими футзали Миси Сунгун, намояндаи Эрон дар гурӯҳи D бо тимҳои Бонки Бейрут, AGMK Узбакистон ва Сипари Тоҷикистон ҳамгурӯҳ буд.