Август 10, 2018 18:24 Asia/Dushanbe
  • Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Ҷумҳурии исломӣ мушкилотро бо муваффақият пушти сар хоҳад гузошт

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҷанги равонӣ ва иқтисодии душман рӯбарӯ аст ва кишвар ин мушкилотро бо қудрат ва муваффақият пушти сар хоҳад гузошт.

Оятуллоҳ Муҳаммади Имомии Кошонӣ, имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон, дар хутбаҳои намози ҷумъа бо ишора ба суханони Трамп, раисиҷумҳури Амрико дар бораи музокира гуфт. ҳадафи душманон ин аст, ки бо фишор ба Эрон, аз тариқи музокира ба аҳдофи худ бирасанд, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон зери бори ин фишорҳо, кӯтоҳ нахоҳад омад.

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон бо баёни ин ки Амрико бо зӯр, саҳюнистҳо бо тавтеа ва Оли Сауд бо пул мехоҳанд ҷаҳони исломро ба таниш бикашонанд, тасреҳ кард, бояд бо ҳушёрӣ, иттиҳод ва ҳамбастагиро ҳифз кард ва ҳамаи масъулон, мардум ва бахши хусусӣ, бояд вазоифи худро дақиқ ва дуруст анҷом диҳанд.

Оятуллоҳ Муҳаммади Имомии Кошонӣ дар бахши дигаре аз хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон, бо ишора ба баёноти Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ мабни бар ташкили як коргурӯҳи чобук ва фаъол дар бораи масоили иқтисодӣ тасреҳ кард, ин дастуруламал як таклиф аст, ки масъулон бояд ба он амал кунанд. Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон ҳамчунин аз қувваи қазоия хост бо мӯҳтакирон ва судҷӯён ба шиддат бархӯрд кунад.