Август 10, 2018 18:49 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати дубораи Туркия дар бораи таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон

Вазири умури хориҷаи Туркия бори дигар эълом кард, Анкара таҳрими якҷонибаи Амрикоро зидди Эрон иҷро нахоҳад кард.

Ба гузориши ИРНА, Мавлуд Човуш Уғлӯ дирӯз (панҷшанбе) дар дидор бо Маҳмуди Воизӣ, раиси дафтар ва фиристодаи раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Анкара, мавозеи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар масоили мухталифи минтақаӣ ва байналмилалиро қобили тақдир хонд ва бар ҳамкории Туркия бо Эрон дар ҳамаи заминаҳо таъкид кард.

Воизӣ дар ин дидор зимни қадрдонӣ аз мавозеи ахири давлати Анкара дар бораи масоили дуҷониба ва тавсеаи муносиботи ду кишвар бо Човуш Уғлӯ гуфтугӯ ва дар айни ҳол таъкид кард, кишварҳои аврупоӣ ва Иттиҳоди Аврупо низ ба ҳифзи БАРҶОМ, мутааҳҳид ҳастанд.

Фиристодаи вижаи раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон пас аз ин дидор, дар мулоқот бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия паёми катбии Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эронро ба вай таслим кард.

Пеш аз ин низ вазири умури хориҷаи Туркия, ки ба ҷумҳурии Озарбойҷон сафар карда буд, дар конфронси хабарӣ бо ҳамтои озарии худ бо нодуруст хондани таҳримҳои якҷонибаи Амрикл зидди Эрон таъкид кард, Анкара аз ин таҳрим пайравӣ нахоҳад кард.

Таъкиди дубораи Туркия бар ҳамроҳӣ накардан бо Амрико дар эъмоли таҳримҳои ҷадид зидди Эрон дар ҳоле аст, ки мақомҳои вазоратхонаҳои хориҷа ва хазонадории Амрико, ҳафтаи гузашта дар Анкара бо мақомоти Туркия дар бораи таҳримҳои Амрико зидди Эрон гуфтугӯ карда буданд.

 

Барчасп