Сентябр 07, 2016 16:19 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоб: Сукути мусалмонон балои бузурги уммати ислом аст

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ сукути давлатҳо, уламо, фаъолони сиёсӣ ва нухбагони ҷаҳони ислом дар қиболи шаҳодати зоирони бегуноҳ дар ҳодисаи Миноро «балои бузурги уммати исломӣ» хонданд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ – Раҳбари имуаззами инқилоби исломӣ имрӯз (чаҳоршанбе) дар дидори хонаводаҳои шаҳидони Мино ва Масҷидулҳаром, кӯтоҳӣ ва бекифоятии Оли Сауд дар ин ҳодисаро, исботи муҷаддади белаёқатии ин шаҷараи хабисаи малъуна дар идораи Ҳарамайни Шарифайн донистанд ва афзуданд: Ҳассос набудан дар қиболи масоиле назири ҳодисаи сахт ва ҷонкоҳи Мино, мусибати воқеии ҷаҳони ислом аст.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ фармуданд: Агар ҳуккоми Оли Сауд дар фоҷиаи Мино бетақсиранд, бигузоранд як ҳайати ҳақиқатёби исломӣ- байналамилалӣ, воқеиёти масъаларо аз наздик баррасӣ ва равшан кунад.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ худдории ҳуккоми саудӣ аз як узрхоҳии забониро авҷи вақоҳат ва бешармии онон баршумурданд ва таъкид карданд: Ҳатто агар тааммуде дар кор набуда бошад, ин ҳама бетадбирӣ ва бекифоятӣ барои як маҷмӯаи ҳокимиятӣ ва сиёсӣ, ҷурм маҳсуб мешавад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бӯъди дигари ҳодисаи Миноро сукути маргбори муддаиёни ҳуқуқи башар донистанд ва бо ишора ба ҷанҷоли сиёсӣ-таблиғотии созмонҳои муддаии дифоъ аз ҳуқуқи башар дар қиболи иҷрои аҳкоми қазоӣ дар бархе кишварҳо тасреҳ карданд: Сукути маҳз дар қиболи кӯтоҳии як ҳукумат дар адои вазоифаш ва ҷон бохтани 7 ҳазор инсони мазлум ва бегуноҳ, ҳувияти дурӯғини муддаиёни ҷаҳонии ҳуқуқи башарро ошкор кард ва касоне, ки ба маҷомеъ ва созмонҳои байналмилалӣ умед бастаанд, бояд аз ин воқеияти талх дарс бигиранд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, ташкили як ҳайати ҳақиқатёбро аз ҷумлаи корҳои воҷиб ва зарурии кишварҳои исломӣ ва муддаиёни ҳуқуқи башар хонданд ва гуфтанд: Бо вуҷуди гузашти як сол аз он ҳодисаи ғамбор, баррасии асноди дидорӣ, шунидорӣ ва мактуб, ҳақоиқи моҷароро то ҳудуди зиёде равшан хоҳад кард.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин ҳомиёни режими саудиро шарики ҷиноёти ин режим дар фоҷиаи Мино хонданд ва тасреҳ карданд: Режими бешарми саудӣ ба пуштивонаи ҳамроҳии Амрико, вақеҳона муқобили мусалмонон истодааст ва дар Яман, Сурия, Ироқ ва Баҳрайн хунрезӣ мекунад, бинобар ин Амрико ва дигар ҳомиёни Риёз дар ҷурм ва ҷиноёти саудиҳо шариканд.

 

Барчасп