Август 14, 2018 19:01 Asia/Dushanbe
  • Таъини зодрӯзи риёзидони барҷастаи эронӣ ҳамчун рӯзи зан дар риёзиёт

Иттиҳодияи байналмилалии анҷуманҳои риёзии ҷаҳон рӯзи севуми май, зодрӯзи шодравон Марями Мирзохонӣ, риёзидони барҷастаи эрониро рӯзи ҷаҳонии зан дар риёзиёт номгузорӣ кард.

Мужгони Маҳмудӣ, дабири кумитаи бонувони Анҷумани риёзии Эрон дар гуфтугӯ бо Исно гуфт: Пешниҳоди кумита ба Иттиҳодияи байналмилалии анҷуманҳои риёзии ҷаҳон дар бораи номгузории рӯзи ҷаҳонии зан дар риёзиёт, дар ҷаласаи умумии 31 июли он иттиҳодия тасвиб шуд.  

Аз ин пас ҳамасола аз рӯзи севуми май зодрӯзи Марями Мирзохонӣ ба унвони рӯзи ҷаҳонии зан дар риёзиёт таҷлил мешавад.