Озодии сарбози эронии рабудашуда
Сарбози марзбонии Эрон, ки дар ҷараёни даргирӣ бо афроди бадхоҳ ва террористҳо дар марзи Мирҷова (ҷануби шарқи Эрон) дар апрели соли 2017 тавассути бадхоҳони мусаллаҳ рабуда ва ба хоки Покистон мунтақил шуда буд, озод шуд.
26 - уми апрели соли 2017 афроди гурӯҳаки террористи “Ҷайшуззулм” 10 нафар аз марзбонони эрониро дар минтақаи Мирҷоваи устони Систон ва Балучистони Эрон ҳангоми гаштзанӣ ба шаҳодат расонданд ва Саид Баротиро, ки захмӣ шуда буд, ба хоки Покистон мунтақил карданд.
Шаҳриёри Ҳайдарӣ, мудири кулли умури марзии Вазорати кишвари Эрон дар ин бора гуфт: Эрон барои озодии Саид Баротӣ ҳеҷ имтиёзе ба гурӯҳакҳои террористӣ надодааст.
Бадхоҳони мусаллаҳ ва муздур дар чанд соли ахир бо иҷрои амалиёти террористӣ аз дохили хоки Покистон, теъдоде аз шаҳрвандон ва марзбонони Ҷумҳурии Исломии Эронро дар манотиқи марзии устони Систон ва Балучистон ба шаҳодат расондаанд.